Главная » 2014 » Май » 21 » OЗМУН!
12:22
OЗМУН!
Эълон!
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати «ZERVANA» бахшида ба «Рўзи китоб» 4 сентябр озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014-ро баргузор менамояд.
Дар озмун оид ба номинатсияи «Китобхонаи сол» китобхонаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳову вилоятҳо иштирок карда метавонанд ва аз рўи номинатсияи «Китобдори сол» кормандони фаъоли китобхонаҳои ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо иштирок карда метавонанд.
Довталабони озмун аз рўи овоздиҳӣ ва аз рўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ карда мешаванд. Нархи 1 (як) паёмак аз руи тарифхои хизматрасонии ширкати "Зервана" (бо ААИ) 2 (ду) сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад. Дар озмун ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар карда шудааст. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом», «Ифтихорнома», тўҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.
Натиҷаи озмун дар «Рўзи китоб», 4 сентябр, дар ш. Душанбе ҷамъбаст карда мешавад.
Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол» дар соли 2014
Намунаи равон намудани SMS барои номинатсияи «Китобхонаи cол» дар соли 2014:
1) Коди китобхонаи дўстдоштаамонро интихоб мекунем
2) Аз телефонии мобилӣ ба менюи «Сообщения» ворид мешавем.
3) Ҳуруфчинӣ мекунем: КB…
4) Дар гӯшаи рақами телефон, рақамҳои 4545-ро ҳуруфчинӣ мекунем.
Пас аз ирсоли SMS –паёмак, муддати 2-3 сония ба телефонии мобилии шумо ҷавоб дар шакли миннатдорӣ барои иштирок дар озмун ва қабул шудани паёмаки шумо маълумот дода мешавад.
Иштирок дар озмун ихтиёрист!

Просмотров: 484 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: