09:53 Натиҷаи озмуни « Беҳтарин хонандаи китобхона» | |
Китобхонаи донишгоҳ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон байни донишҷўён озмун бо номи «Беҳтарин хонандаи китобхона»-ро эълон намуд. Натиҷаи ин озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон низ муайян гардиданд. Ҷои якум аз рўи ҳама шартҳои озмун ба Акрамов Ҷамшед Миршакарович –донишҷўи курси 3-юми факултаи тиббӣ нисбат дода шуд. Кайд карда шуд, ки Акрамов Ч.М. хонандаи фаъоли китобхона буда, ба ғайр аз адабиёти таълимӣ,адабиёти бадеӣ ва эдектрониро низ хеле васеъ истифода мебарад. Дар ҳама чорабиниҳои китобхона фаъолона иштирок менамояд. Чои дуюм нисбат дода шуд ба Файзов Парвиз Исоевич донишчўи курси якуми факултаи тиббӣ, Кайд карда шуд. ки Файзов П.И. хонандаи фаъоли китобхона буда, ҳамаи қоидаҳои китобхонаро риоя менамояд. Чои сеюм нисбат дода шуд ба Камолов Баротҷон, донишҷўи курси 1-уми факултаи тиббӣ. Номинанти мазкур ҳамчун хонандаи фаъоли китобхона қайд карда шуд. Чои чорум:аз рўи номинатсияи «Ёрдамчии китобхона» нисбат дода шуд ба Раҳимов Хусрав-донишҷўи курси 3-юми факултаи фармасевтӣ. Ў ҳамчун фаъолтарин хонандаи китобхона, тарғибгари фаъоли чорабиниҳои китобхона қайд карда шуд. Аз рўи номинатсияи «Таваҷҷўҳи китобдор»- Нуруллоев Ораз донишҷўи курси чоруми факултаи тиббӣ сазовори ғолибият гардид. Кайд карда шуд,ки Нуруллоев Ораз шахси ботамкин, боодоб, дақиқ буда. дар чорабиниҳои китобхона фаъолона иштирок менамояд. Аз рўи номинатсияи «Аз ҳама босабртарин хонанда»(барои соатҳои зиёд дар толорҳои хониш мутолиа намудани китоб)-5 нафар ғолибият ба даст оварданд. Инҳо: 1) Чабборзода Дилрабо курси 6-уми факултаи тиббӣ 2) Ақдодов Ақдод курси 4-уми факултаи тиббӣ 3) Раҷабзода Дориюш курси 4-уми факултаи тиббӣ 4) Сафаралиев Бобоҷон курси 1-уми факултаи тиббӣ 5) Сайдалиев Фаррухҷон курси 4-уми факултаи тиббӣ Аз рўи номинатсияи ғайри озмунӣ аз рўи яке аз шартҳои озмун-навиштани «Хулоса»-ғалабаро Зарипов Нуралӣ ба даст овард. Хулосаи навиштаи ў, баҳои баландтаринро сазовор гардид. Раёсати китобхона тасмим гирифт, ки дар оянда низ чунин озмунҳо гузаронида, донишҷуёнро на танҳо ба мутолиаи адабиёти таълимӣ, балки дигар шакл ва намудҳои адабиёт, фарогир намоянд. Ин иқдоми нек , аз тарафи ҳозирини дар толор буда, хуб пазируфта шуд. | |
|
Всего комментариев: 0 | |