Руководители библиотеки |
Хронология |
Таърихи ганчинаи пурасрор:
Китобхонаи Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино
Соли 1939 бо ќарори Шўрои Комиссиариати Халќии Точикистон дар шахри Душанбе Донишкадаи тибби кушода шуд, ки Донишкадаи чорўм ба хисоб мерафт.
Ба синфхонахои Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон соли 1939 - 130 донишчўй ба тахсил хозир шуданд. Директори якуми Донишкадаи тибби Краус Адольф Андреевич таъин карда шуд. Махз махорати баланди ташкилотчигии ў буд, ки дар Донишкадаи нав таъсисшуда чараёни хониш дар мўхлати кўтох ба рох монда шуд. Донишкадахои Москва ва Ленинград ба Донишкадаи мо тачхизот ва фонди китоби чудо намуданд. Барои таъминоти пурраи чараёни тахсил дар Донишкада аз 1 –уми сентябри соли 1939 китобхона ба фаъолият шурўъ намуд.
Мудири китобхонаи Донишкада соли 1951 Бондаренко Нина Алексеевна таъин карда мешавад, ки аз 24 сентябри соли 1951 то январи соли 1962 дар вазифаи мудири китобхона фаъолият намудааст. Китобхона дорои 2 шўъба : шуъбаи пуррагардони ва коркарди адабиёт ва шўъбаи хизматрасони бо толори хониш ва абонемент мебошад. Штати кормандони китобхонаро 12 нафар ташкил медод. Бо зиёд шудани ќабули донишчўён дар Донишкада фонди китобхона, шумораи хонандагон ва доду гирифти китоб низ зиёд мешавад.
Соли 1962 роњбарии китобхонаро Субботина Полина Яковлевна ба дўши худ мегирад, аммо аз сабаби он, ки ў хуќуќшинос буд, соли 1967 рохбарии китобхона ба Колоскова Фаина Георгиевна вогузошта мешавад. Аз хамон сол сар карда, тањти рохбарии Фаина Георгиевна фаъолияти китобхона вусъат ёфт. Аз соли 1967 сар карда, хамаи наќшаю хисоботхои китобхона муќовабанди карда шуда, нигох дошта шудаанд. Китоби суммарии бахисобгирии фонди китобхона чорӣ шуд. Соли 1970 шўъбаи маълумотдихї-библиографи кушода шуд. Хамон сол китобхона иштирокчии озмун бахшида ба 100- солагии В.И.Ленин буда, чои аввалро ишѓол намуда, сазовори Грамотаи Фахрии Вазорати маданияти СССР мешавад. Бисёр кормандони китобхона низ бо Грамотахои Фахрии Вазорати маориф ва Вазорати тандурустии Точикистон мукофотонида шуданд.
Соли 2008 аз тарафи Маркази идораи Лоихаи системаи тандурустии Бонки Рушди Осиё 2253 нусха ба маблаѓи 171000 сомонї адабиёти таълими ворид гардидааст.
Дар китобхонаи электрони аз захирањое, ки дар компютерхои китобхона чой карда шудаанд, аз компакт-дискхои фонди китобхона, аз пойгоххои пурраматн ва шабакаи Интернет истифода бурдан мумкин аст.
Китобхонаи электрони бо 60 компютер тачхизонида шуда, ба шабакаи Интернет васл карда шудааст.
Китобхона дорои пойгохи маълумотњои иттилоотии хуќуќии маълумот «Адлия», Китобхонаи тиббии электрони, китобхои дарсии мультимедийи буда, фонди китобхонаи электрони зиёда аз 7000 (дар хачми 15,438 ГБ- 42629 файл) нусхаро ташкил медињад.
Ба ѓайр аз ин, мувофиќи талаботи Вазорати маориф бонки лексияхо-варианти электронии лексияхои муаллимони донишгох (дар хачми – 4,71 ГБ, иборат аз 3334 файл)- дар компютерхои китобхона чамъ оварда шудааст, ки аз он то 200 нафар дар як рўз дар китобхонаи электронї истифода мебаранд.
Ҳоло Китобхонаи Донишгоњи тиббї дар ќатори намоёнтарин китобхонахои донишгохї ќарор дорад, аз лихози фондхои мавчуда бехтарин ва калонтарин китобхонаи тахассусӣ ба шумор меравад.
Китобхона сохиби таърихи пуршараф аст, аз соли таъсиси Донишкадаи тиббї фаъолият дошта, ба ташаккули анъанахои хоссаи китобдории худ муваффаќ гаштааст. Таи солхои дароз маъсули зиёди нашриётиро дастраси мухлисони адабиёти тиббї дар Тољикистон ва хоричи он гардонидааст, дастоварду китобхои тибби муосири точикро тарѓибгарї асосї буду хаст.